Аз 21-ум то 28-уми май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов ҳунарнамоӣ мекунад. Барои наврасони кишвар Чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои охирини омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастпарварони Раҳматулло Фузайлов бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин рақобат мекунанд.
Рақибони тими миллии Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон тимҳои Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд. Дар маҷмуъ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола 10-бозӣ баргузор мешавад. Аз ин рақобатҳо 5-вохӯрӣ дар варзишгоҳи «КМВА»-и шаҳри Душанбе ва 5-бозии дигар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир мегарданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа рақобатҳо дар як давр сурат мегиранд. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари имтиёзҳо муайян карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки қаблан Чемпионати CAFA миёни ҷавонон солҳои 2016, 2019 ва 2022 баргузор шуда буд. Соли 2016 тими ҷавонони Ӯзбекистон дар Тошканд ва солҳои 2019 ва 2022 тими ҷавонони Эрон дар Душанбе ғолиб гардида буданд.
Сорбон Амонуллозода