Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон аввалин маротиба дар таърих мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оид ба парапланеризм” баргузор мегардад.
Мусобиқа рӯзҳои 20-ум ва 21-уми май доир мешавад.
Маҳаллӣ баргузории мусобиқа кӯҳдомани “Курпаӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ (20 май) ва кӯҳдомани “Харангон”-и ноҳияи Варзоб интихоб шудааст .
Ёдовар мешавем, ки дар “Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оид ба парапланеризм” варзишгарон аз кишварҳои ИМА,Фаронса , Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Пас, ҳамаи шуморо ба тамошои ҳунарнамоии ҷолиби варзишгарони кишварҳои иштирокдошта даъват менамоем!