Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим – 2023 (ЦФКИК-2023) ба кори худ шуруъ намуд. Тавассути Конфронси мазкур ҳайатхои кишвархои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, то қадамҳои минбаъдаи худро оид ба татбиқи Созишномаи Париж муайян ва мувофиқа намуда, чораҳои дахлдорро барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар минтақа баррасӣ намоянд.
Конфронс бо иштироки зиёда аз 300 намояндаи вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, бахши шаҳрвандӣ ва институтҳои молиявӣ баргузор шуд.
Ҳамоиши мазкур бо дастгирии Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда шуд.
Ҳадафи Конфронс омўзиши душворива норасоиҳои ҷойдошта дар иҷрои ухдадориҳои иқлимии Созишномаи Париж аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, баррасии имконоти ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани устувории захираҳои экологӣ, об, энергетика ва озуқаворӣ дар минтақа мебошад.
Конфронс ҳамчун платформаи пешбарӣ ва густариши муколамаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалҳо хизмат мекунад.
Ин конфронс як марҳилаи омодагӣ барои ташкили павилони навбатии Осиёи Марказӣ дар конфронси 28-уми Ҷонибҳо (СОР-28) мебошад, ки консепсияҳо, ғояҳо ва стратегияҳои табдили оқилонаи иқлими кишварҳои минтақаро муаррифӣ мкунад. Конфронс то охири рузи 17-уми майи соли равон идома меёбад.
Ш. Аҳмад