Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо шикаст додани «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Суперҷоми Тоҷикистонро дар соли 2023 ба даст овард

6-уми май дар доираи бозии финалии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи футболбозони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб хотима ёфт.

Голи ягонаи вохӯриро дар дақиқаи 7-уми рақобат Амирҷон Сафаров бо як зарбаи дарвозакуб вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.

Дарвозабони «Равшан» – Евгений Гритсенко беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф гардид. Бешубҳа маҳорати волои ин дарвозабон буд, ки дастаи «Равшан» дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ ба даст овард.  

Бояд қайд намоем, ки даста пас аз соли 2013 дигарбора Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ин маротибаи дуюм аст, ки бошгоҳи шаҳри Кӯлоб соҳиби ин ҷоиза мешавад.

                 
Сорбон Амонуллозода