Нимаи дуюми рӯзи 6-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар қуръакашии Чемпионати ҷудои ҷаҳон доир шуд. Ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа ҳарифони хешро пайдо карданд.
Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон дар соли 2023 дар вазни -66кг Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал бо намояндаи Сербия – Страҳинҷа Бунчич сабқат мекунад. Бунчичи 27-сола дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо танҳо як нишони нуқраи Abu Dhabi Grand Slam 2022-ро ба даст овардааст.
Дар ҳамин вазн, ҷудокори дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров бо намояндаи АМА – Гурам Дзавашвили дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунад.
Зери вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода бошад бо ҷудокори кубагӣ Магдиел Эстрада дар даври аввал қувваозмоӣ мекунад.
Дар вазни то 81кг – Сомон Маҳмадбеков бо намояндаи Доминик – Медиксон Корторреал дар даври аввал мубориза мебарад. Ҳарифи Сомон ҷудокори 27-сола, 2-нишони нуқра ва 1-нишони биринҷии мусобиқаи қитъавии ҷудоро дорад.
Шодмон Ризоев дар ҳамин вазн бо Араб Сибгҳатуллоҳ, ки зери ливои IJF баромад мекунад, дар даври аввал сабқат мекунад.
Дар вазни то 90 кг – Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Зеландияи Нав – Ноаҳ Валлисс ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар ҳамин вазн, бо намояндаи Миср – Умар Эрламлю дар даври аввал мубориза мебаранд. Бояд қайд намоем, ки ҳарифи Ҷаҳонгир ҷудокори навкори мисрӣ дар мусобиқаҳои ҷудои ҷаҳон маротибаи аввал аст, ки ширкат меварзад.
Зери вазни -100кг Абубакри Акобир дар рақобати аввалинаш бо ҷудокори саршиноси сербӣ Александр Куколҷ қувваозмоӣ мекунад.
Ҷудокори сангинвазну саршиноси тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон озод буда, рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Дар ин марҳила рақиби Темур аз кишвари Гвения – Мустафо Фофана аст. Ин ҷудокори 22-сола, 1-нишони нуқра ва 1-нишони биринҷии мусобиқаи қитъавии ҷудоро ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 7-ум то 13-уми майи соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷудои ҷаҳон баргузор мешавад. Тибқи низомномаи (IJF) дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Чемпионати ҷудои ҷаҳон-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Фонди ҷоизаҳои мусобиқаи мазкур 1-миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14-вазнҳо, 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим карда мешавад. Дар рақобатҳои даставӣ бошад, барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60000 евро ва барои ҷои сеюм 25000 евро пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин ҷудокорон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 2000-имтиёз, барандагони ҷои дуюм 1400-имтиёз ва ғолибони ҷои сеюм 1000-имтиёз ба даст меоранд. Барои иштирок низ 20-имтиёз дода мешавад.
Сорбон Амонуллозода