Дар доираи бозиҳои даври 33-юми чемпионати Италия дастаҳои «Удинезе» ва «Наполи» бо ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Дачия Арена»-и шаҳри Удинезе доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Санди Ловрич аз ҳайати дастаи «Удинезе» ва Виктор Осимхен аз ҳайати бошгоҳи «Наполи» ба самар расониданд.
Баъд аз ин мусовӣ дастаи «Наполи» қабл аз муҳлат қаҳрамони Серияи А-и Италия гардид. Бори охир дастаи шаҳри Неапол соли 1990 қаҳрамони Серияи А гардида буд, ки он замон дар ҳайати даста Диего Марадона бозӣ мекард.
Бояд қайд намоем, ки дастаи «Наполи» се маротиба унвони қаҳрамониро дар Серияи А-и Италия ба даст овардааст. Футболбозони ин бошгоҳ дар мавсими солҳои 1986/87, 1989/90, 2022/23 қаҳрамони Серияи А гардидаанд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Наполи» 5-давр қабл аз анҷоми Чемпионати Италия 80-имтиёз ба даст овардааст. Дар ҷои дуюм «Латсио» бо 64-имтиёз қарор дорад ва наметавонад аз «Наполи» пеш гузарад.
Сорбон Амонуллозода