Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ шуд

5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии шоистаи қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба 78 –солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон палковник Ҳотамиён Абдурашид, сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев, сафири фавқулодда ва мухтори Озорбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, сафири фавқулодда ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович, котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Назаров Абдуҳамид Узоқович, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан Бердиев Зафар – фарзанди Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бердиев Дадаҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон ба ифтитоҳи намоиш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, оркестри низомӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуйёни донишгоҳҳои олии кишвар даъват шуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимотњои ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар Љанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 18.05.2023 идома меёбад.