Ҳайати сафирони Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об бо ҳайати сафирони ғайримуқими Иттиҳоди Аврупо ва дигар сафирони бо иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Таврез аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот бо сафирон масъалаҳои рушду ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба бунёд ва таҷдиди манбаъҳои тавлиди барқ дар Тоҷикистон, сохтмони неругоҳи Роғун – ин иншооти бузурги аср, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, масъалаҳои марбут ба исифодаи сарфаву сариштакоронаи неруи барқ, масъалаҳои ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа, тадбирҳои роҳандозигардида дар самти ислоҳоти соҳаи энергетика, баланд баррдоштани рушди захираҳои инсонӣ ва ғайраҳо дар меҳвари суҳбати тарафайн қарор гирифт.

Ҳайати сафирон дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, нақши калидии Тоҷикистон дар даъват барои ҳалли мушкилот дар соҳаи об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз даъват ва пазироии сатҳи баланд зимни иштирокашон дар Конфронси оби Душанбе изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи хоссаи ин ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баррасӣ қарор ёфтани масъалаҳои марбут ба соҳаи обу энергетика миннатдорӣ намуда, ҳамзамон омодагии кишварро дар самти идома ва ривоҷ додани ҳамкориҳои судманд бо ин созмони дипломатии бонуфузи Аврупо дар самти татбиҷ минбаъдаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи обу энергетика, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кам намудани талафоти неруи барқ равонагардида, роҳандозии истеҳсолу истифодаи боз ҳам васеи нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон, таҳкими бозори неруи барқ дар минтақа, вусъатбахшии ҳамкориҳои минбаъдаи судманд бо кишварҳои минтақа ва дигар ҳамкориҳои судманд, ки дар маҷмуъ барои боз ҳам устувор гардидани робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муҳим арзёбӣ мегарданд, махсус қайд намуд.