Имрӯз дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун» -и пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, яке аз тадбирҳои муҳим ва эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Сардори шуъбаи ташкили Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Исломзода Боғигул дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиши ҳунарҳои мардумиро муаррифи намуда зикр намуд, ки Фестивали «Сад ранги чакан» ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Абдусаломзода Анзурат сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вилояти Хатлон дар сухбат бо мо иброз дошт, ки ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад
Ҳунари гулдӯзӣ ҳиссаи асосии зебу ороиши тамоми либоси точиконро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб, гулдӯзӣ ҳунари асосии занона ба шумор рафта, бо мурури замон ва то ба имрӯз дар либоси миллии замонавӣ низ анъанаҳои худро гум накардааст. Ҷалолова Мавзуна ҳунарманд аз муассисаи давлати Кохи фарҳанги шахри Панчекент дар доираи намоиш бо мо иброз дошт, ки хушбахтона, истифодаи нақшҳои миллӣ аз тарафи тарроҳони имрӯза рӯз то рӯз ривоҷ ёфта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.
Ширин Иноятова,
Радиои Тоҷикистон