Натиҷаи рақобатҳои муштзанони тоҷик дар рӯзи чоруми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муайян шуд

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дорад. Дар рӯзи чоруми мусобиқа Тоҷикистонро се варзишгар – Меҳрон Шафиев (48кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) ва Баҳодур Усмонов (63,5кг)  намояндагӣ карданд.

Аввалин шуда, рақобатро Меҳрон Шафиев зери вазни 48кг оғоз намуд. Меҳрон дар даври аввал бо намояндаи Ҳиндустон – Кумар Говинди нерӯсанҷӣ кард. Дар ин сабқат бо бартарияти комил, бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 пирӯзӣ бар нафъи муштзани Ҳиндустон хотима ёфт ва Меҳрон аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммад Аброриддинов миёни сангинвазнҳо дар даври аввал шикаст хӯрд. Ӯ дар вазни ҷамъи 92кг дар даври аввал аз намоянди Ҳиндустон – Наренда Наренда бо қарори якдилона доварон бо ҳисоби 1:4 ноком гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Муштзани номошноӣ кишвар Баҳодур Усмонов зери вазни 63,5кг дар даври дуюми рақобатҳо ғолибият ба даст оварда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври дуюм бошад Баҳодур варзишгари Урдун – Муҳаммад Алкасбаро шикаст дод. Ӯ дар даври аввал муштзани танзаниягӣ Алекс Исендиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.

Сорбон Амонуллозода