Бозтоби натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, сафари президенти ФИФА ба Тоҷикистон, қабули қонуни нави Русия дар бораи шаҳрвандӣ ва мушкилоти меҳтарсолорӣ дар миёни сарбозони артиш аз ҷумлаи муҳимтарин мавзуҳои баррасишуда дар нашриҳои чопи ин ҳафтаи Душанеб аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 4 май хабару гузориш дар мавриди натиҷаҳои сафари сафари давлатии Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон нашр кардааст.
Дар баробари ин нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ мақолае бо номи “Зотпарварӣ. Кадом мушкил роҳи пешравиро гирифтааст?” чоп карда, масъалаи рушди соҳаи зотпарварӣ дар кишварро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф яке аз мушкилот дар роҳи рушди соҳаи зотпарварӣ дар Тоҷикистон кам будани корхонаҳои истеҳсолкунандаи азоти моеъ мебошад. Ҳар сол ба далели нарасидани ин маҳсулот ҳазорҳо воя нутфаҳои истеҳсоли ватанию хориҷӣ корношоям шуда, зарурати харид намудани дастгоҳи азотистеҳсолкуниро ба миён меорад
Дар баробари ин зикр мешавад, ки бо тағйир ёфтани шакли моликият дар хоҷагиҳои чорводорӣ воҳиди кории зоотехник аз байн рафт. Ҳол он ки корҳои зотпарварӣ, яъне бордоркунии сунъӣ, селексия, баҳодиҳии чорво аз рӯи сифат, гузарондани ширҷӯшии назоратӣ, муайян кардани сифати шир аз вазифаи касбии зоотехникҳо ба ҳисоб мераванд.
Гузашта аз ин, бояд чорвои фурӯшӣ варақаи зотӣ дошта бошад ва барои муайян кардани таркиби ирсӣ ва мавҷудияти бемориҳои сироятӣ ташхиси озмоишии хун гузаронда шавад. Ин амал маблағи муайянро талаб менамояд ва роҳбарони хоҷаҳиҳои зотпарварӣ ба он ҳавасманд нестанд. Ин яке дигар аз сабабҳои таназзули соҳаи зотпарварӣ дар кишвар мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар ин ин шумораи рӯзи 5 май бо нашр мақолае масъалаи саноати дорусозӣ дар кишварро баррасӣ карда, навиштааст, ки дар зарфи ду соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст. Саноати дорусозии кишвар бошад ҳанӯз қодир нест ин миқдор талаботи аҳоли Тоҷикистон бо дорувориро таъмин намояд.
Муаллиф дар идома таъкид мекуанд, ки бо назардошти ҷой доштани чунин масъалаҳои ҳалталаб ширкатҳои дорусозӣ роҳи осони харидуфурӯши дору ва молҳои тиббиро пеш мегиранд, ки даромади хуб дорад. Аз ин ҷост, ки саноати дорусозӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, қисми зиёди ин маҳсулот аз кишварҳои Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Литва ва Чин ворид мегарданд.
Маҳз аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ баъзан дар дорухонаҳо хавфи ҷо шудани доруи бесифат ва ҳолати беасос боло бурдани нархҳо ба мушоҳида мерасад, таъкид мекунад муаллиф.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 май хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва тасвиб шуд. Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳаи қонун гуфт, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ҷорӣ намудани аудити фосилавӣ, тарзу усулҳои нави аудитҳои молиявӣ, ва намудҳои дигари аудит (иҷтимоӣ, экологӣ ва дигар аудитҳои мавзӯӣ) рақамикунонии раванди аудитро тақозо дошта, барои таъмини ин ҳолатҳо бояд заминаи ҳуқуқӣ гузошта шаванд.
Ба гуфтаи вай Чиллазода дар лоиҳаи нави қонун мафҳуми «воситаҳои буҷетӣ» пешбинӣ гардидааст, ки он ғайр аз маблағи буҷетӣ боз дигар намуди воситаҳо дар қисми даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла қарзҳои давлатӣ, сармоягузорӣ, дотатсия, субвенсия, субсидия, қоғазҳои қиматнок, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва захираҳои давлатиро дар бар мегирад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 май мақолаи Ато Мирхоҷа адиби шинохтаи кишварро нашр кардааст, ки дар он муаллиф масъалаи қавму миллатро матраҳ кардааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки баҳси сунъии ба кадом миллат дахл доштани бадахшониҳое, ки забонашон шарқиэронист бояд хотима дода шавад. Зеро тоҷик будани ин мардум ҳақиқатест равшантар аз оина.
Бо назардошти ин Ато Мирхоҷа пешниҳод кардааст, ки дар расонаҳои хабари Тоҷикистон баҳси тоҷик будан ва ё набудани бадахшониҳо қатъ карда шавад ва ҳар расонае, ки ба ин баҳс даст мезанад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре ба ҳодисаи ахири таркиши нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ кардааст. Бар асри ин таркиш як нафар ба ҳалокат расида, хисороти зиёди иқтисодӣ ба биноҳои атроф ворид шуд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки сӯхтори ахир ва масъалаи назди хонаҳои баландошёна ҷой гирифтани нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ мақомотро водор мекунад, ки сари ин масъала андеша кунанд. Яъне чаро мақомоти дахлдор барои сохтмони НФС дар назди биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистонҳо иҷозат медиҳанд?,- савол гузоштааст муаллиф.
Нашрияи русизабони “Азия плюс” дар шумораи рӯзи 4 май дар сармақоали худ, муқаррароти қонуни нави Русия “Дар бораи шаҳрвандӣ”-ро баррасӣ кардааст. Муаллиф ёдовар мешавад, ки ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид шуда, мутобиқи он номгӯи ҷиноятҳое, ки содир шудани онҳо ба қатъи шаҳрвандии Русия боис мегардад, зиёд шуд.
Дар ҳамин ҳол, танҳо нафароне аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, ки онро на аз рӯи ҳуқуқи таваллуд, балки дар дамои кору фаъолият дар Русия шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки тиқби муқаррароти қонуни нав барои содир намудани ҷиноятҳои мисли барангехтани кина ё адоват, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хиёнат ба ватан, даъвати оммавӣ халалдор сохтани тамомияти арзӣ, бо зӯроварӣ забт кардани ҳокимият, даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ (экстремизм), ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, иштирок дар созмонҳои террористӣ, бадному беобрӯкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия, содир намудани амалҳои хатаровар ба амнияти миллӣ, ошӯби мусаллаҳона, суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва иштирок дар ташкилоти ғайридавлатии хориҷӣ ё байналмилали номатлуб метавонанд боиси маҳрум шудан аз шаҳрвандии Русия шавад.
Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигари ин шумораи хеш хабар додааст, ки блогерони тоҷик дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 540 ҳазор сомонӣ андоз крадохт кардаанд.
Гуфта мешавад, ки айни замон 70 блогер расман худро дар мақомоти андози кишвар ба қад гирифтаанд. Зикр мешавад, ки соли 2022 блогерони Тоҷикистон 29,7 млн сомонӣ даомад гирифта, аз даромадҳои худ ба буҷети давлатӣ 1,3 млн сомонӣ андоз пардохт кардаанд.
Зиёратшои АҲМАДШО,
Радиои Тоҷикистон