Дар ДМТ бахшида ба 112-солагии шоири шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – ҷумҳуриявӣ бахшида ба 112 шоири шинохта ва барҷастаи кишвар, устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар конференсия адбиётшиносону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар оғози конференсия Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки устод Мирзо Турсунзода умри дароз надидааст, вале дар давоми 65 сол роҳи садсолаҳоро тай намуда, аз худ кохи ёдгори бегазанде ба ёдҳо гузоштааст, ки чун куҳҳои сар ба фалаккашидаи кишвари азизамон то абад мустаҳкаму побарҷо мемонад.

Дар идома конференсия Рустами Ваҳоб шоири халқии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хусусияти забон ва сабки баён дар ашъори Мирзо Турсунзода” баромад карда, қайд намуд, ки ашъори устод Мирзо Турсунзода бо забони соддаю умумӣ, ҳама фарозу фуруди зиндагӣ, олами вуҷуд ва ҳамаи ҳастиро фаро мегирад.

Ҳамчунин дар конференсия Қарор Нурқаев устоди ДМТ ибрози назар карда, таъкид намуданд, ки устод Мирзо Турсунзода ба осори гармояву пурарзиш ва фаъоляти сиёсию иҷтимоияш натанҳо миёни мардуми тоҷик, балки собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузашта аз он дар тамоми қитъаҳои олам ба вижа мардумони қитъаҳои Осиёву Африқо, шуҳрат дорад.

Баъд аз анҷоми конференсияи илмӣ – ҷумҳуриявӣ бахшида ба 112 шоири бузурги кишвар, устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби ҳунармандони Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон сурудҳои дилнишин замзама карда шуд, ки писанди иштирокдорони ин маҳфилу ҳамоиш гардид.
Сарвинози Сайдалӣ, радиои Тоҷикистон