Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.
Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.
Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ муҳокима карданд.
Муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва даъват ба амал оварданд.