Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон Ли Янро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур дар мулоқот таъкид карда шуд, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба «Шаҳри бехатар» дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.