3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Бакит Асанов дидору гуфтугӯ кард. Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва фазои сармоягузорӣ дар вилояти Суғд маълумот дода, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба изҳор дошт. Дар суҳбат таъкид гардид, ки дар вилояти Туркистон беш аз 50 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Туркистон муносиботи нек доранд. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон асосан гандум содирот гардида, аз Тоҷикистон ба Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ ва нӯшокиҳои гуногун содирот мегардад.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо омодагии худро баён дошта, Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародарӣ байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо намуданд.
Тибқи ин ёддошт ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ҳаморӣ хоҳанд кард.