3 майи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Форуми солонаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба илм, технология ва фанноварӣ, ки ба мавзӯи аҳаммияти илм, технология ва фанноварӣ (STI Forum) барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудааст, баргузор гардид. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Дар ифтитоҳи Форуми мазкур ҳайати кишвар зери роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ширкат варзид.
Зимни ҷаласаи сатҳи вазирони Форум, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба ҳамаи соҳаҳо, ба хусус соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, аҳаммияти андешидани чораҳои фаврӣ барои коҳиш додани таъсири ҳамагирӣ таъкид кард. Мавсуф инчнун қайд намуд, ки Тоҷикистон низ барои кам кардани таъсири ҳамагирӣ аз дастоварҳои илм, технология ва навоварӣ истифода карда, қадамҳои муассиро ҷиҳати пешгирии буҳронҳои эҳтимолии оянда андешида истодааст. Дар ин робита, Саидзода Раҳим аз Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 ёдовар шуд, ки ҳадафи он роҳнамоӣ намудани амалисозии устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳошияи Форум, вазири маориф ва илм бо Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лачезара Стоева ва Намояндаи доимии Малайзия дар СММ Аҳмад Файсал Муҳаммад вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқотҳои мазкур, ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф табодули назар карданд.