Муштзанони тоҷик рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро бо чӣ натиҷа гузарониданд?

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати чаҳон оид ба бокс баргузор гардида истодааст. Тоҷикистонро дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ду варзишгар Абубакр Муродзода (60кг) ва Довуд Маҳкамов (71кг) намояндагӣ карданд.

Абубакр Муродзода зери вазни 60кг дар даври дуюми рақобатҳо ноком гардид. Дар рақобат бо муштзани эронӣ Даниял Шахбахш Абубакр бо қарори якдилонаи доварон мувоҷеҳи шикаст шуд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд. Ёдовар мешавем, ки ӯ дар даври аввал муқобили Кану Абу ғолиб омада буд.

Муштзани дигари тоҷик Довуд Маҳкамов (71кг) дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд аз варзишгари Маҷористон Максим Пилипек бо ҳисоби 0:5 ноком шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Бояд қайд намоем, ки аз 1-ум то 14-уми  май дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон доир мешавад, ки Тоҷикистонро 13-муштзан  намояндагӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқа 640-варзишгар аз 140-кишвари ҷаҳон номнавис шудааст. Рақобатҳо дар 13-категорияи вазнӣ доир мешаванд.

Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА-ро ба даст меоранд.

                   Сорбон Амонуллозода