Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд

3 майи соли 2023 дар шаҳри Остона дар ҳошияи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Форуми соҳибкорӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Жумангарин Серик оғоз гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Қазоқистон ва зиёда аз 200 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баромадҳо қайд гардид аст, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон сол аз сол рушд ёфта, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя, тақвияти кооператсияи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир гардид.

Аз натиҷаи вохӯриҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар зиёда за 30 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 1,8 млрд. доллар оид ба бунёди корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида шуданд