Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири  кулли ЮНЕСКО мулоқоти маҷозӣ доир кард

2 майи соли 2023 мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири  кулли ЮНЕСКО Син Тсюй баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистонро бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зикр карда, натиҷаҳои кори Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро, ки 21-24 марти соли 2023 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баррасӣ намуданд.