Имрӯз, 3 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар мулоқот намуд.
Таврез аз маркази матбуоти р Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот қайд гардид, ки пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи тандурустӣ зиёд намуд. Бояд қайд кард, ки имкониятҳои Чумҳурии Туркия дар пайваст ба ҷанбаҳои муосири рақамикунонӣ ва ҳалли иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ниҳоят пешрафта мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Харитаи роҳро оид ба амалисозии банди алоқаманди Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ то соли 2030 тасдиқ намуд ва омухтани таҷрибаи Туркия дар ин самт ба манфиати кор аст.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши дорусозӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.