Рустами Эмомалӣ дигарбора ба ҳайси Президенти CAFA интихоб карда шуд

Имрӯз, 2-юми май дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии мамлакат хабар доданд.

Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Рустами Эмомалӣ дигарбора ба ҳайси президенти ин ниҳод барои солҳои 2023-2027 интихоб карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Ҷанни Инфантино (президенти ФИФА) ва Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа (президенти КФО) ширкат варзиданд.