Рӯзи 30-юми апрел бозии охири даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, бо ҳисоби минималии 1:0 бар нафъи мизбонон хотима ёфт. Голи ягонаи вохӯриро Холмурод Назаров дар дақиқаи 62-юм ба самар расонида, беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Ин аввалин бохти пешсафи ҷадвали мусобиқот дастаи «Истиқлол» дар мавсими имсола ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намоем, ки дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» рӯзи 6-уми май боз барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба ҳам меоянд.