Тоҷикистону Миср ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати дорусозӣ рушд медиҳанд

1 майи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ширкати байналмилалии мисрӣ оид ба саноати дорусозӣ – EIPICO боздид ба амал овард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, зимни боздид мулоқоти сафир бо раиси Шӯрои директорони EIPICO Аҳмад Килонӣ баргузор гардид, ки дар он масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи саноати дорусозӣ баррасӣ гардид.