1 майи соли 2023 Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Миссияи Бонки Умумиҷаҳониро, ки таҳти роҳбарии хонум Судешна Гош Банерҷӣ – Мудири иҷроия оид ба энергетикаи Бонки Умумиҷаҳонӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кишвар ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт ва перомуни ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мулоқоти самимӣ анҷом додааст.
Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст, зимни мулоқот Вазир аз раванди талошҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар самти ҷалби маблағгузорӣ ва ҳамоҳангии дигар шарикон барои маблағгузории неругоҳи барқи обии Роғун, изҳори сипос намудааст.
Ҳамзамон, дар мулоқот раванди омодасозии лоиҳаи хусусии неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд (бо иқтидори 200 МВт), омодагиҳо ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти таъмини гармӣ дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ, лоиҳаҳои минтақавӣ ва корҳои омодагӣ ба баргузории Конференсияи 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки он санаҳои 16-17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гардид, мавриди муҳокима қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки тақвияти ҳамкориҳои судмандро минбаъд низ идома хоҳанд дод.