Баъд аз сипарӣ шудани як солу як моҳ дигарбора дастаи мунтахаби ҷудои Россия, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби (IJF) иҷозат дода шуд.
Давоми ин муддат варзишгарони Россия аз ҳама намудҳои варзиш, аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум буданд. Рӯзи 29.04.2023 мудирияти Федератсияи ҷудои ҷаҳон (IJF) тасмим гирифт, ки ба варзишгарони Россия бо мақоми бетараф (нейтрал) иҷозаи иштирокро дар Чемпионати ҷаҳон дар Дохаи Қатар бидиҳад.
Хушбахтона дар ҳайати тими ҷудои Россия ҷудокори тоҷиктабори муқими ин кишвар Маҳмадбек Маҳмадбеков – барандаи ду нишони тиллои Grand Slam ва як нишони тиллои Grand Prix дар вазни то 73кг ба ин мусобиқа роҳхат гирифт.
Бояд қайд намоем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо аз 7-ум то 14-уми май сурат хоҳад гирифт.
Рӯйхати варзишгарони Россия, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2023 иштирок менамоянд:
Миёни мардон:
Вазни -66кг Яго Абуладзе
Вазни -73кг Маҳмадбек Маҳмадбеков
Вазни -90кг Лорсанов Мансур
Вазни -90кг Игольников Михаил
Вазни -100кг Адамян Арман
Вазни -100кг Ильясов Нияз
Вазни +100кг Башаев Тамерлан
Вазни +100 Тасоев Инал
Миёни бонувон:
Вазни -48кг Гильязова Сабина
Вазни -52кг Кузнецова Алеся
Вазни -52 кг Поликарпова Анастасия
Вазни -57кг Курбонмамадова Дарья
Вазни -57кг Галицкая Ксения
Вазни -63кг Бадурова Камила
Вазни -70кг Таймазова Мадина
Вазни -78кг Бабинцева Александра
Вазни +78кг Владимирова Дарья
Сорбон Амонуллозода