25-29 апрели соли 2023 дар шаҳри Ботканд вохӯрии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гуфтушунид ҷонибҳо оид ба масъалаи муайян кардани нуқтаи пайвастшавии хатҳои сарҳади давлатӣ табодули афкор намуданд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.