29 апрел дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тақвият бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳибкории ватанӣ, беҳбудии сифат ва бехатарии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат аз ҳама ҷиҳат мусоидат мекунад.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур 100 корхонаву ташкилот, муассисаҳои хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 105 номгӯи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар вилоят иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавонони навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд.