Рӯзи 28-апрел дар шаҳри Ҳанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода аз риштаи гӯштини кураш ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.
Хайрандеш бо шикаст додани ду рақибаш ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфта, дар даври нимниҳоии мусобиқа бо Ваҳид Бариманлоу аз Эрон қувваозмоӣ намуд. Дар ин рақобати гӯштингири эронӣ тавонист, ки муқобили Хайрандеш музаффарият ба даст оварда, ба финал роҳ ёбад. Хайрандеш Муродзода бошад, баъди шикаст аз варзишгари эронӣ мустақиман соҳиби нишони биринҷӣ шуд.
Бояд қайд намоем, ки Хайрандеш ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба ҳисоб мерафт.