ВАЪДАИ ИСЛОҲ ДОДАНД, АММО…

 Чанде пеш иддае аз деҳқонон ва соҳибкорон ба мо изҳори нигаронӣ намуданд, ки масъулини КВД «Бозори Деҳқон»-и шаҳри Душанбе, аниқтараш чекчини бозор барои ворид намудани маҳсулоташон  иҷборан аз онҳо  аз 3 то 5 сомонӣ маблағ меситонанд.

“Мо чеки бозорро месупорем, вале бар иловаи ин, аз мо барои ворид намудани маҳсулот  маблағ мегиранд. Мо намедонем,ки ин пулро барои чӣ мегиранд?”(сабт дар шакли аудиоӣ маҳфуз аст) Ин ҳарфҳоро ба мо чандин саводгарон баён намуданд.

Бо пайгирӣ аз мушкилоти мазкур мо тариқи телефон бо директори КВД «Бозори Деҳқон» Назаров Сунатулло ҳамсӯҳбат шудем. Номбурда исрор намуд, ки аз ҷой доштани чунин ҳолат огаҳ нест «… ин гапи телефонӣ нест, аз наздик оед, сӯҳбат мекунем».

Ба хотири анҷом додани тадқиқоти журналистӣ ҳамкорамон Наҷибуллои Ҳомидҷонро барои мушоҳидаи ҳолати мазкур ба КВД «Бозори Деҳқон» сафарбар намудем. Ҳамкорам нигаронии деҳқононро тасдиқ кард. (аксу видео ва сабти аудиоӣ маҳфуз аст) Дар ҳамин ҳол, ёдрас мешавем, ки дар суҳбат ба хабарнигори мо муовини директори бозори мазкур Мастон Шарипов алорағми гуфтаҳои директори бозор тасдиқ намуд, ки ин ҳолат ҷой дорад ва он гӯё тибқи як санад, ки дар ҳукумати шаҳр мавҷуд аст, амалӣ мешавад. “Ин мизони нарх аст, аз соли 2012 тасдиқ шудааст”-гуфт ӯ. То куҷо ин санад мавҷуд ва дар асоси он маблағ аз рӯйи кадом меъёр ситонида мешавад?

Дар посух ба суоли мазкур ҳуқуқшинос Фаридун Шоимбеков баён менамояд, ки чунин амал хилофи моддаи 14 Қонун ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» мебошад, зеро ба гуфтаи Фаридун Шоимбеков моддаи мазкур аз ҷониби маъмурияти бозор барои кишоварз ба миён гузоштани шартҳои маҳдудкунандаро манъ мекунад.

Хостем санадро аз наздик бубинем, то огоҳӣ пайдо намоем, ки он дар кадом асос қонунӣ гардидааст, аммо маъмурияти бозор барои гирифтани санади мазкур садгузориҳо намуданд. Ба хабарнигори мо гуфтаанд, ки танҳо бо имзо гузоштан дар китоби махсусе, ки аз ҷониби мақомот назорат мешавад, метавонад санадро дастрас намояд. Илова менамоянд, ки баробари имзо гузоштан, ӯро мақомот пурсуҷӯ мекунад. (далел мавҷуд аст)  Ҷойи таъкид аст, ки амали мазкур, яъне сад гузоштан барои дастрасӣ ба маълумот хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар қонунҳои соҳаи журналистика мебошад ва барои он ҷавобгарӣ пешниҳод шудааст.

Худи ҳамин рӯз ҳуқуқшинос ва сардори муҳофизони бозор ба Радиои Тоҷикистон  барои равшан намудани ҳолат омаданд. Мо наздики 1 соат бо ҳам дар суҳбат будем. Гӯё нофаҳмиҳо ҳал шуданд, иқрор шуданд, ки воқеан мушкилоти мазкур ҷой дорад ва онҳо ҳатман ба ин қонуншиканӣ хотима мегузоранд. Мо ҳам бовар доштем, ки то нашри маводи мазкур масъулин камбудии ҷойдоштаро бартараф менамоянд, аммо имрӯз (28.04.2023) аз КВД «Бозори Деҳқон» ба мо хабар расид, ки ҳоло ҳам вазъ ҳамон аст, ки буд. Ҳамон шеваи корӣ ва пулситонии доимӣ аз деҳқон ва соҳибкорон (маротибаи аввал аз воридоти маҳсулот ба бозор, бори дигар дар шакли чек).

Аз нигоҳи аввал, 3,5 ва ё 10 сомоние, ки ситонида мешавад, маблағи ҳангуфт нест, вале жарфтар назар намоем, ҳамин ситониданҳо метавонад, ба нархи бозор таъсиргузор бошад. «Ман пули чек медиҳам, барои воридот медиҳам, барои ароба медиҳам»-ин суханҳоест, ки ҳамарӯза аз забони фурӯшандаҳои доимии бозор мешунавем. Вазифаи мо таҳлилу баррасии беғаразонаи мушкилот буд, ки гуфтем.  Гумон мекунем, ки масъулини дахлдор аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 огаҳӣ доранд.

                                                                    Радиои Тоҷикистон