Сафари “Корвони китоб” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид

Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 24-и “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №115 аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст, «Дар бораи ташкили сафари “Корвони китоб” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» -ро оғоз намудааст.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки ыараёни сафари “Корвони китоб” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла, шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Панҷакент, Бӯстон, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад, ки дар ин сафар аз ҳисоби Барномаи дар боло зикргардида 3 ҳазору 150 нусха китоб ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ адабиёт аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон, асарҳои назмиву насрии бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, бачагона ва бо баргаи хонанда, дар маҷмуъ 142 ҳазору 649 сомонӣ ба тариқи ройгон ба 20 китобхонаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.