Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба навори лату кӯби сарбозон

4 апрели соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ навори лату кӯби як гурӯҳ ҷавонони дар тан либоси ҳарбидошта паҳн карда шуд.

Тавре дар Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, оид ба ин навор прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронид ва дар натиҷа муайян карда шуд, ки тахминан 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ аскарони қаторӣ Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботи Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кардаанд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расонидаанд.

Вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б, в» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ҳамин кирдор, агар: нисбат ба ду ва зиёда ашхос; аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гумонбаршудаҳо дастгир карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.