Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо роҳбарии Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Россия, дар шаҳри Сочӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар машқҳои дастаҷаъмӣ ба роҳ монданд.
Ҷамъомади тамринӣ аз 8-уми апрел дар Маркази омодагии олимпии Сочӣ оғоз гардида, то 20-апрел идома меёбад. Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Сочӣ зери роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори доир гардида, марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби кишвар ба Чемпионати ҷаҳон-2023 ба ҳисоб меравад.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 аз 7-ум то 14-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.