Баргузории Фестивалии ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар китобхонаи филилали рақами 12-и ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…” баргузор гардид.

Дар фестивал адиби тоҷик Зариф Ғулом, кормандони китобхонаи бачагонаи ба номи М.Миршакар, китобдорони китобхонаи марказии н.Рӯдакӣ ва филлиалҳои зертобеъ, омӯзгорон ва хонандагону аъзоёни китобхонаи филиали №12 ширкат варзиданд.

Дар фестивал нахуст мо бо адиб Зариф Ғулом, ки меҳмони фестивал буд, ҳамсуҳбат гаштем. Ӯ гуфт, ки кӯдакону наврасони деҳаи Тезгари боло бо зарфиятҳои хоси худ аз кӯдакони минтақаҳои дигар тафовути калон дошта, дар суханварӣ ва тарзи баёни андеша озодтаранд. Зариф Ғулом адиби тоҷик дар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ гуфт,  ҳеҷ интизор надошт, ки кӯдакону наврасони як деҳа ин қадар ба китобу китобхонӣ шавқу завқи беандоза дошӣа бошанд. Инчунин Зариф Ғулом афзуд, хурсандиовар ҳамин аст, ки аллакай ду аъзои китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошанд. Адиб Зариф Ғулом ҳангоми суҳбат бо аъзоёни навраси китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Пас аз вохӯрӣ бо адиб Зариф Ғулом аъзоёни китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ, ки аксарият хонандагони мтму №36-и ҳамин ноҳия мебошанд, дар маҷлисгоҳи мтму №36 барномаи театрикунонидашударо, оид ба ҳаёту фаъолияти Садриддин Айнӣ зери унвони “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд”, баргузор намуданд.  Китобдори калони китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ Одинамоҳ Нурова иброз дошт, ки баргузории ин фестивал барои аъзоёни навраси китобхона як чизи нав ва шодифизо буд, ки ҳар яке бо майлу ҳаваси хоса ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. 

Шодиву нишоти китобдӯстдорони навраси китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ дар фестивал ҳадду канор надошт. Онҳо бо шавқ осори азбарнамудаи худро баён ва аз ашъори Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ шеъру ғазалҳои дилпазирро қироат менамуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар китобхонаи филиали №12 – и ноҳияи Рӯдакӣ бошукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, ҳаводорони китобу фарҳангро ба ҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ бо табъи болида аз  баргузории фестивал истиқбол намуда, иброз доштанд, ки шавқу ҳаваси ин кӯдакону наврасон ба китоб хурсандибахш мебошад.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”