Рӯзи 1-май Президенти FIFA – Ҷанни Инфантино ҷиҳати иштирок дар Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба Тоҷикистон меояд. Гуфта мешавад, ки дар Конгресси навбатии FIFA интихоби Президенти нави ин ниҳод доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Конгресси қаблии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти нави CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) интихоб шуда буданд. Баъд аз интихоби роҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, қароргоҳи ин созмон аз шаҳри Тошканд ба Душанбе оварда шуд.
Бояд қайд намоем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз 5-минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи 6-кишвар аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.