Аз 7-ум то 9-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 13-ҷудочӣ муаррифӣ намуданд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16-вазн миёни наврасон (8-вазн миёни писарон, 8-вазн миёни духтарон) ва 14-вазн миёни ҷавонон (7-вазн писарон, 7-вазн духтарон) доир шуд, ки варзишгарони тоҷик тавонистанд сазовори як медали тилло ва чор биринҷӣ шаванд.
Дар рӯзи охири мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷудокорони тоҷик натиҷаи хуб нишон доданд. Миёни сангинвазнҳо Иброҳимҷон Элмуродов сазовори медали тилло шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ муқобили ҷудокори мизбон Нурсултан Каблан пирӯзӣ ба даст оварда, нишони тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон ба даст овард.
Инчунин ҷудокори дигари кишвар Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81кг дар рақобат барои нишони биринҷии мусобиқа бо Йегор Ракови қазоқ нерӯсанҷӣ карда, пирӯз гардид. Ин нишони 4-уми биринҷии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқи мазкур ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намоем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорони навраси тоҷик Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ворис Назаров (-66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг) ба гирифтани се медали биринҷӣ мушарраф гардида буданд.