05.04.2023, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиевро бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гӯям.
Дар оғоз мехоҳам таъкид намоям, ки давоми сӣ соли равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон, Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат менамоянд.
Ба ин бештар робитаҳои зичи боварибахш дар сатҳи олӣ мусоидат менамояд, ки дар ибтидои онҳо фарзанди баруманди халқи Озарбойҷон ва дӯсти бузургам — ҲАЙДАР АЛИЕВ меистод, ки мо, дар Тоҷикистон низ садсолагии ӯро моҳи оянда ҷашн мегирем.
Ман суҳбатҳоямонро бо ин ходими бузурги давлатии Озарбойҷони бародар ҳамеша бо самимият ба ёд меорам.
Ҳайдар Алиевич дар лаҳзаҳои тақдирсозтарин барои давлат пешвои воқеии миллии халқи шарифи худ гардид ва кишварро ба роҳи суботу рушд пеш бурд.
Сафари муҳтарам Илҳом Ҳайдарович идомаи мантиқии на танҳо ин муносибатҳо, балки риштаҳои чандинасраи равобити мутақобилаи халқҳои мо мебошад, ки дар ибтидои он Низомии Ганҷавии бемисл, ки дар хонадони ҳар тоҷик ба ӯ эҳтиром мегузоранд, меистод.
Аз ин рӯ, музокироти мо чун ҳамеша дорои хусусияти созанда буда, ба пешбурду таъмиқи ҳамёрии мутақобила нигаронида шудаанд.
Дар рафти музокирот мо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ карда, инчунин доир ба ҳамаи масъалаҳои барои мо муҳим мубодилаи афкори муфассал намудем.
Санадҳои дуҷонибае, ки имрӯз ба имзо расиданд, ба таҳким ва пурра намудани заминаи ҳуқуқии робитаҳои мо нигаронида шудаанд.
Мо ҳамчун ҷузъи таркибии маҷмааи робитаҳои гуногунҷанба хусусияти пешрафтаи ҳамкории байнипарлумониро, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобилаи сарони парлумонҳои ду давлат мазмуни тоза пайдо кардааст, таъкид намудем.
Мо ҳамёрии тиҷоратию иқтисодиро муфассал баррасӣ намудем.
Розӣ шудем, ки ҳаҷми муомилоти мол байни далатҳои мо ба имконоти тарафҳо мувофиқ нест.
Дар робита ба ин ба мувофиқа расидем, ки барои зиёд намудани он чораҳои таъхирнопазир андешем.
Зимни музокирот мо ба самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворӣ-энергетикӣ алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир намудем.
Дар соҳаи кооператсияи саноатӣ имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар саноати сабук, кимиё ва маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо таъкид гардид.
Дар соҳаи энергетика мо ҳавасмандии ширкатҳои Озарбойҷонро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон таъйид намудем.
Мо минбаъд низ аз имконоти транзитии муносиби Озарбойҷон фаъолона истифода намуда, ҳаҷми интиқоли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистонро афзоиш хоҳем дод.
Дар музокирот самти башардӯстонаи муносибатҳои мо мавқеи муҳимро ишғол намуд.
Мо бори дигар омодагии тарафайнро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг тасдиқ намудем.
Мо доир ба тамоми маҷмӯи масъалахои муҳими дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намудем.
Мо аҳамияти ҳамкории минбаъдаро дар майдонҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намудем.
Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи дастгирии мутақобилаи номзадҳо ва ташаббусҳои ҳамдигарро дар майдонҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар СММ идома диҳем.
Мо ба ҷониби Озарбойҷон барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори сипос намудем.
Масълаҳои амниятӣ дар маркази музокрирот қарор доштанд.
Мо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори назар намудем.
Мо мавзӯъҳои байналмилалӣ ва вазъи минтақаҳоямонро муфассал муҳокима намудем.
Натиҷаҳои музокироти имрӯза ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди равобити байни давлатҳоямон бо некбинии бузург ва умедҳои нек назар намоем.
Ҳоло бо қаноатмандии бузург суханро ба меҳмони азизамон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев медиҳам.
Ташаккур.
***
Ташаккур Илҳом Ҳайдарович.
Ташаккур барои даъвати сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ҳатман дар аввалин фурсати муносиб аз даъвати меҳрубононаи Шумо истифода хоҳам намуд.