Нашри “Афсонаҳои халқи тоҷик”–и Раҷаб Амонов бо ҳуруфи брайлӣ

Китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”, ки аз ҷониби донишманди маъруф ва нависандаи шинохта академик Раҷаб Амонов гирдоварӣ ва чоп шудааст, бо ҳуруфи брайлӣ барои нобиноён низ дастрас шуд.

Китоб аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии созмони амрикоии “USAID” рўйи чоп омад.

Гуфтанист, ки китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” аз ҷониби академик Раҷаб Амонов чандин маротиба дар замони Шўравӣ ва дар даврони Истиқлол чоп шудааст. Дунёи рангини афсона таваҷҷуҳи хонандаро ҳамеша ба худ мекашад.