Дар арафаи фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон имрӯз дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб ” намоиш ва фурӯши китоб баргузор гардид.
Роҳбари корхонаи мазкур Содиқи Завқӣ иштирокчиёни озмунро, ки дар он садҳо номгӯи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буд, шиносоӣ намуда, зикр намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани намоиш- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ” Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат”, ки бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамасола идома ёфтааст, чунин намоишҳо нақши муҳим мебозанд.
Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали имсола ба ифтихори 145- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айни баргузор гардида истодааст.