Рӯзи дуюми Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ багузор гардид, ки дар он садҳо нафар иштирок намуданд. Инҳо аз муассисаҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино-1, Сино-2, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абўалӣ ибни Сино, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳастанд.
Рӯзи Дарҳои боз василаест барои муаррифии ҳунарҳои дигар. Дирӯз ширкатҳои мобилӣ бо истифода аз ҷамъияти зиёд худро ҳам муаррифӣ карданд ва ҳам корт фурӯхтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки оғози Дарҳои боз тибқи муқарароти қаблӣ соати 08:30 дақиқа эълон шуда буд. Вале ҳанӯз соат 8 нашуда буд, ки алакай дастаи бузурги донишҷӯён интизор оғоз буданд.
Нашриёти “Адиб”, ки як ниҳоди муътабари нашаротии кишвар аст, намоиши китобҳои тозанашри худро ташкил намуд ва ҳамзамон ба хоҳишмандон китоб фурӯхт.
Ҳамчун тӯли ин ду рӯз аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъат ва дизайнери Тоҷикистон намоиши асарҳояшонро баргузор намуданд, ки миёни бинандагон харидорону ҳаводорони зиёд пайдо карданд.