Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардида, соли 2023 аз саъю талошҳои Ҳукумати кишвар дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 20 сол сипарӣ мегардад.
Дар ин муддат, бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – СММ дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 қатънома: 1) A/RES/55/196 (20.12.2000), 2) A/RES/58/217 (23.12.2003), 3) A/RES/64/198 (21.12.2009), 4) A/RES/65/154 (20.12.2010), 5) A/RES/67/204 (21.12.2012), 6) A/RES/69/215 (19.12.2014), 7) A/RES/71/222 (21.12.2016), A/RES/73/226 (11.01.2019), 9) A/RES/75/212 (21.12.2020) ва 10) A/RES/77/158 (14.12.2022) қабул кардааст. Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон воқеан дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдеро дар пай доранд ва ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи сайёра равона гардидаву баҳри рушди оянда ҳадафҳои мушаххас доранд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор ва пешсафи ҳалли масоили глобалии марбут ба обу иқлим дар аксар ҳамоишҳои соҳавӣ, махсусан дар доираи фаъолияти ду ниҳоди муҳимми байналмилалӣ – Форумҳои ҷаҳонии об ва Конференсияҳои тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ширкат меварзад ва иқдомҳои аҳамияти ҷаҳонидоштаро пешниҳод менамояд. Минҷумла, се ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар доираи се форуми ҷаҳонии об, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Форуми сеюми ҷаҳонии об (Киото, Ҷопон, 2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об (Истанбул, Туркия, 2009) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об (Тэгу-Кенгбук, Корея, 2015) пешниҳод гардидаанд.
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ташаббусҳои фавқуззикр аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор гиранд. Зеро ҳадафҳои меҳварӣ ва дастовардҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки онҳо ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин дар амалисозии фановарию навовариҳои муосир мусоидат менамоянд. Ҳалли мушкилоти глобалии об ба афзоиши сармоягузорӣ дар бахши об, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои инфрасохтор зич алоқаманд аст. Ин далел барои идоракунии оқилонаи захираҳои об ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба таъминоти об хеле зарур буда, ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоӣ-экологӣ-иқтисодӣ аҳамияти хеле бузург дорад. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳамаи кишварҳои сайёра аз мушкилоти марбут ба об орӣ набуда, норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт, хушксолӣ, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ монеаҳои асосии рушди устувор ва зиндагии шоистаи бошандагони кураи арз гардидаанд. Бар замми ин, тибқи далелҳои илмӣ қариб 60% экосистемаи табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманданд, бар асари шиддати равандҳои таъсироти ногувори антропогению тағйирёбии иқлим харобгардида ҳисобида мешаванд. Вазъи мазкур ба ҳаҷм, ҳолат ва самаранокии захираи обҳои истифодашаванда, пеш аз ҳама, оби нӯшокӣ таъсири ногувор мерасонад.
Аз ҷониби дигар, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва иқлим бошад, зудтағйирёбанда гардида, ба афзоиши офатҳои гидрометеорологӣ мусоидат менамояд ва ба ин восита ба тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсироти манфӣ меорад. Махсусан, тағйирёбии иқлим, ки пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон дигаргунӣ ворид менамояд, ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти бузург – обшавии босуръати пиряхҳо рӯ ба рӯ гардонидааст. Ин ҳама мушкилот дар масири расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги гидрологию глятсиологӣ аст, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Бинобар ин, ҳадафҳои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳоро таъкид менамоянд. Зеро ин иқдому ташаббусҳо на танҳо хусусияти соҳавию минтақавӣ, балки ҷанбаҳои муҳимми инсондӯстию гуманистӣ, аҳамияти байналмилалию глобалӣ дошта ва ба самти сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию муттаҳидии сокинони сайёра нигаронида шудаанд, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта, мақоми меҳани моро дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд.
Айни замон ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» идома дошта, амалӣ мегардад ва дар доираи он якчанд ҳамоишҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи амалии ин даҳсола, дар пойтахти Ҷумҳурҳурии Тоҷикистон – Душанбешаҳр ду ҳамоиши муҳим – Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (20-21.06.2018) ва Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», бахшида ба ин даҳсола (6-9.06.2022) баргузор гардиданд. Ҳамзамон, бояд зикр аст, ки баҳри татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва пайгирии ҳадафҳои дигари созанда дар соҳаи об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ платформаи муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалиеро таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» таъсис дода, тавассути он чандин ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баландро доир намуд.
Конференсияи оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, яке аз ҳамоишҳои бағоят муҳим дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дуюмин конференсияи сатҳи баланд дар таърихи ин созмон мебошад. Маврид ба зирк аст, ки нахустин Конференсияи СММ оид ба масоили об дар чунин сатҳи баланд ва иштироки васеи ҳукуматҳову ташкилотҳою коршиносон, ҳанӯз соли 1977 дар шаҳри Мар-дел-Платаи Ҷумҳурии Аргентина баргузор гардида буд. Маҳз бо назардошти ин нукта Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст. Мо – мизбонони Конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид». Аз ин рӯ, боиси ифтихор аст, ки Конференсияи таърихии СММ оид ба масоили об маҳз дар доираи татбиқи иқдоми навбатии Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани нақши мизбонии он нишонаи баланди эътибору эътирофи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Зеро ин ҳамоиши муҳим ҳазорон нафарро аз тамоми гӯшаю канори сайёра ба ҳам оварда, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, истифодаи оқилонаи об, андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конференсияи оби СММ-2023 оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «нерӯи сабз» ва пойдории табиат бетаъсир намемонад. Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад… Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. Тоҷикистон низ ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба об хисороти зиёди молию ҷонӣ мебинад. Ин ҳолат ба талошҳои мо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд». Ин суханони Президенти Тоҷикистонро, ки арзёбии комилан дақиқе оид ба мушкилоти об, тағйирёбии иқлим ва динамикаю дурнамои пиряхҳои ноҳияҳои яхистони сайёраанд, Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим низ собит менамояд. Мувофиқи хулосаи Гузориши шашуми арзёбии вазъи иқлими сайёра, ки соли 2022 аз ҷониби Гурӯҳи мазкур таълиф гардидааст, пиряхҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳсор воқеъ гардидаанд, қариб дар ҳама гӯшаю канори кураи арз бо суръати баланд об мешаванд, ки чунин тамоюл дар 2000 соли охир бори нахуст ба назар мерасад. Ҳамчунин, тибқи Гузориши махсуси Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера дар соли 2019 то интиҳои садсолаи ҷорӣ сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Яъне, коҳиши массаи пиряхҳо, яхбандиҳои доимӣ ва қабати барф дар асри XXI вусъат ёфта, ҳангоми ба андозаи 1,5°С гарм шудани иқлим дар саросари ҷаҳон бисёр пиряхҳо, махсусан пиряхҳои хурд массаи зиёди худро аз даст медиҳанд.
Ҳамчунин, зимни суханронии хеш Пешвои миллат бори дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи об, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуданд. Чунин арзёбии дақиқ ва масъалагузории саривақтии Эмомалӣ Раҳмонро далелҳои фаровони илмӣ собит менамоянд ва амали бағоят зарурӣ меҳисобанд. Мисол, тибқи таҳлили охири Бунёди СММ оид ба кӯдакон (UNICEF) танҳо дар 10 кишвари африқоӣ дар натиҷаи омезиши се таҳдиди марбут ба об – норасоии об, санитария, беҳдошту бемориҳои ба он ва инчунин, хатари тағйирёбии иқлим 190 миллион кӯдак таҳти хатари бузург доранд. Мувофиқи ин таҳлил манотиқи Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ба яке аз ноҳияҳои ҷаҳон, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар аз ҳама бо норасои об дучор гардидаанд, табдил ёфтааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳошияи Конференсияи оби СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чандин иқдомҳои хосаи дигар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуданд, ки ба ҷоҳониён аз таърихи пурғановату бостонӣ доштани миллати тоҷик, ҷонибдорӣ муттаҳидии давлатҳои ҷаҳон будани Тоҷикистон, пуштибонӣ ҳифзи саломатии сокинони кураи арз будани Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медоданд. Дар ҳошияи конференсияи мазкур як қатор чорабиниҳои муҳим, ба монанди Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ, чорабинии «Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар», чорабиниҳои канории «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об», «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Об моро муттаҳид месозад» баргузор гардиданд.
Тавъам ба дигар чорабиниҳои дар доираи Конференсияи оби СММ-2023 баргузоргардида, яке аз муҳимтарин ҳамоишҳо чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи илм, маориф ва фарҳанги СММ (UNESCO), Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) доир намуд. Ин чорабинӣ низ дар асоси ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Пешвои миллат, яъне Соли 2025 – Соли байналмилалии пиряхҳо баргузор гардида, он дар роҳи татбиқи қатъномаи нави СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо қадами нахуст ба шумор меравад. Дар чорабинии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, ҳадафи меҳварии ташаббуси навбатии хешро чунин баён карданд: «Ҳадафи пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад».
Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёра ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла захираҳои оби Тоҷикистон, ки кишвари манбаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал аст, аз пиряхҳо ва барфҳои доимӣ ғизо мегиранд. Пиряхҳо таъмини захираҳои обро дар давраи гарми сол, ки барои обёрикунонӣ лозим аст, ба амал мебароранд. Аммо чи тавре аз далелҳо маълум аст, дар солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо афзуда, таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ, тағйироти иқлим, ирригатсия ва гидроэнергетика, ки манбаъи «энергияи сабз» муаррифӣ гардидаааст, мерасонад. Яъне, зери таъсири тағйирёбии иқлим андоза ва ҳаҷми пиряхҳо, махсусан пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор коҳиш ёфта, танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Аз ин рӯ, агар раванди босуръат обшавии пиряхҳо саривақт пешгирӣ карда нашавад, дар даҳсолаи наздиктарин масъалаи таъмини аҳолии саёра ба оби тоза боз ҳам шиддат мегирад. Маҳз бо назардошти ин мушкилот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд муштарак талош намуда, ҷиҳати пешгирии раванди гармшавии ҳарорати ҳаво тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар сатҳи баланд роҳбарӣ ва назорат намуда, дар баробари суханрониҳои асоснок ва пешниҳодоти мушаххас дар маросими пӯшидашавии конференсияи мазкур аз уҳдадориҳои ба Рӯзномаи амалиёти об воридгардида истиқбол карданд, пайгирии татбиқи васеи онҳоро зарур шумориданд ва дар робита ба ин иброз намуданд: «Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад». Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат саривақтӣ буда, ниҳодҳои СММ, институтҳои минтақавию байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки ба мушкилоти марбут ба об боз ҳам бештар мутаваҷҷеҳ шаванд, зеро рушди устувори тамоми соҳаҳои фаъолият аз об вобастагии амиқ дорад. Ҳамчунин, дар доираи платформаи «Раванди оби Душанбе», ки чун дигар институтҳои байналмилалии марбут ба обу иқлим, аз қабили Шурои ҷаҳонии об ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим барои пешбурди муколамаву мубоҳисаҳо дар ин самт заминаю шароити мусоиде фароҳам овардааст, мунтазам баргузор намудани конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд аҳамияти бузурги илмӣ, тавсиявӣ ва амалӣ дорад.
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент