Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон аз ҷумла натиҷаҳои сафари Пешвои миллат ба Ню-йорк ва тантанаҳои Наврӯзӣ бо ҳузури раҳбари давлат дар виляоти Суғд таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 30 март дар баробари ахбори расмӣ, дар матлабе навишт, ки ахиран дар назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази «Пажӯҳиши афкори сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат» ифтитоҳ гардид. Мақсад аз таъсиси он анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба аҳамият ва моҳияти асарҳои сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ дар маросим гуфтааст, ки омӯзишу пажӯҳиши афкори илмиву сиёсии Пешвои муаззами миллат пардохтани олимони гуногунсоҳа дар замони муосир айни муддаост.
Зеро аввалин иқдомҳо ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат ба эҳёи фарҳангҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ иртибот доранд.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд.
Дар ин идома зикр мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст, балки мутафаккир ва олими бузург низ, мебошанд. Аз ин рӯ осори гаронарзиши Сарвари давлат аҳамияти бузурги илмиву адабӣ ва таърихӣ дорад, ки бо анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ метавон паҳлуҳои нави илмии онҳоро ошкор намуд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин 29 март дар ҳошияи Конфронси оби СММ, ки рӯзҳои 22-24 март таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланидия баргузор шуд, матлабе нашр карда, навиштааст, ки Тоҷикистон ҷаҳони муосирро ба муколамаи ҳаётбахш даъват кард.
Ба навиштаи муаллиф, вақте сухан дар бораи иқдомоти ҷаҳонии Пешвои миллат меравад, қабули 9 қатъномаи марбут ба об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар зарфи 20 соли охир мавриди назар қарор мегирад, ки дар заминаи пешниҳодҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ҳоло таҳлилҳо нишон додаанд, ки ин ҳуҷҷатҳо ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамоҳанг сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об таъсири мусбат расондаанд.
Муаллиф дар хулоса таъкид мекунад, ки чунин итифоқоти бесобиқаи таърихӣ ва нақшофарӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар нафарест, ки Истиқлоли давлатиро гиромӣ медорад ва бо ҳувияти миллии хеш дар ситез нест. Зеро чунин дастоварди беназири сиёсати хориҷии Тоҷикистон, дастоварди ҳар нафари худогоҳу худшинос ва дар умум, пирӯзии миллати тоҷик аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 март хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти табибон барои додани варақаҳои рухсатии беморӣ иловаи дахлдор ворид карда шуд. Лоиҳаи қонунро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, муаррифӣ кард. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шуда, ба масъалаи таъйин ва пардохти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дахл дорад.
Дар ин соҳа ҷавобгарии маъмурӣ зиёд карда шуда, барои кормандони муассисаҳои табобатие, ки варақаҳои қалбакӣ дар бораи корношоямии муваққатӣ медиҳанд, ҷазо дар шакли ҷаримавӣ пешбинӣ шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумора рӯзи 27 март менависад, ки ахиран ҷаласаи бистуми Маҷмаи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид. Мавзӯи асосии ҷаласа баррасии усулҳои ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни ҷавонони кишварҳои ИДМ буд.
Ба навиштаи муаллиф, дар ин ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ширкат ва суханронӣ кард. Номбурда зимни суханронии худ таъкид дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон 69 мактаб бо 47 ҳазор хонанда бо забони русӣ фаъолият доранд.
Ҳамчунин, беш аз 259 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ мавҷуд аст, ки дар он 70 000 хонанда ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таълимӣ бо забони русӣ фаъолият мекунанд, — иброз доштанд намояндагони Тоҷикистон.
Дар баробари ин зикр шуд, ки солҳои 2021 — 2022- юм 50 омӯзгори забони русӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон барои кор фиристода шуданд. Соли 2022 дар панҷ шаҳри сераҳолии Тоҷикистон панҷ мактаби нав сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 29 март дар сармақолаи худ бо номи “Аз Ню-йорк то Хуҷанд” тафсилоти ин ду сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст.
Ҳамчунин нашрия дар ин шумора матлаби таҳлилие дар заминаи интизориҳо аз сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон нашр кардааст. Муаллиф навиштааст, ки ба эҳтимоли зиёд зимни сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон раванди иҷрои ду тарҳи бузурги минтақаӣ, яъне шохаи 4-уми лулаи гази Осиёи марказӣ-Чин ва лоиҳаи хати роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳи мубораки Рамазон шадидан интиқод карда, аз масъулини мақомоти назоратӣ хостааст, ки барои танзими нархҳо дар бозор иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст бигиранд.
Муаллиф дар ин матлаб аз фиребкории бархе фурӯшандагон зимни баргузории ба истилоҳ ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ интиқод кардааст, зеро дар нархнома агар пиёз 4,5 сомонӣ навишта бошад, дар асл онро 12 сомонӣ барои як кг мефурӯшанд. Аммо он пиёзе, ки арзон гуфта ба мардум пешниҳод мекунанд 80 дарсадаш пусидааст, хулоса кардааст муаллифи матлаб.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 30 март мақолаи таҳлилие дар заминаи ҳамгироии кишварҳои Осиёи марказиро, дар заминаи таъсиси низоми ягонаи пардохтӣ баррасӣ кардааст.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки барои эҷоди бозори воҳиди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рушди зерсохтҳои иртиботӣ, аз ҷумла таъмини дастрасии бештари мардум ба интернети баландсуръат зарур аст.
Дар баробари ин муаллифи матлаб пешниҳоди таъсиси як низоми ягонаи пардохтӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказиро ба нафъи кишварҳои минтақа арзёбӣ кардааст. Зеро дар ҳолати роҳандозии низоми ягонаи пардохтӣ, тиҷорат ва интиқолоти пулӣ миёни кишварҳои ОМ рушд мекунад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”