Рақибони ҷудокорони тоҷик дар ANTALYA GRAND SLAM 2023 муайян гардиданд

Нимаи дуюми рӯзи 30-юми март маросими қуръакашии мусобиқаи ANTALYA GRAND SLAM 2023 баргузор гардид, ки дар натиҷа рақибони ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ муайян гардиданд.

Дар вазни -60кг ҷудокори муваффақи кишвар Муҳаммадсолеҳ Қуватов бо ҷудокори 25-солаи ӯзбек Дилшодбек Баротов дар даври аввал қувваозмоӣ мекунад. Зери вазни -66кг бошад Обид Ҷебов дар даври аввал бо ҷудокори норвегӣ Густав Броволд рӯ ба рӯ мешавад. Рақобатҳо рӯзи 31-уми март доир мегардад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг бо Олтин Валттери аз Финляндия ва Шодмон Ризоев бошад дар вазни -81кг бо Жоау Фернандои португалӣ сабқатро шурӯъ мекунанд.

Дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро ҷудочии бомаҳорати кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг намояндагӣ мекунад, ки ҳарифи ӯ намояндаи Олмон – Мартин Матийасс ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намоем, ки мусобиқаи ANTALYA GRAND SLAM 2023 аз 31-уми март то 2-юми апрел баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617-варзишгар (357-мард, 260-зан) аз 85-кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Рақобатҳо чун анъана 7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни бонувон сурат мегирад.

Ба ғолибону ҷоизадорони ANTALYA GRAND SLAM 2023 дар баробари медал тӯҳфаҳои пулӣ, барои ҷойи аввал 5000-евро, барандагони медали нуқра 3000-евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1500-евро қадрдонӣ карда мешаванд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи 31-март
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг
Мардҳо: -60кг, -66кг

Рӯзи 1-апрел
Бонувон: -63кг, -70кг
Мардҳо: -73кг, -81кг

Рӯзи 2-апрел
Бонувон: -78кг, +78кг
Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”