20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.
Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гармхона ташкил намудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхонаи ташкилкардааш аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор мерӯёнад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои ин сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда боз васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бино ба таъкиди роҳбари ин оила дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонаводагӣ пурра таъмин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.
Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.
Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона ҳамчунин ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам, пиёз, сабзӣ, лубиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт гардидааст, ки қисми бештари ҳосили онҳо пухта расидааст.
Маҳз, меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар ин замина дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб бароҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.
Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинон ва ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Оилаи Давлатмаҳмадов дар баробари истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчунин ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерва аз ҷумла, афшӯра, шарбат, мураббои мевагӣ, лубиё, меваи хушк барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.
Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол то сол беҳтар шавад. Гуфтан ба маврид аст, ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон ба манфиати иқтисодии худи сокинон буда, имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.