Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар торномаи расмиаш аз хоҳишмандони таҳсил дар Чин хостааст, ки талош намояд, то барои дохил шудан ба макотиби олии кишвари Чин дақиқкор бошанд.
Дар изҳороти Вазорат омадааст, ки “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд”.
Эҳтимоли фиреб хӯрдани довталабони тоҷикро Вазорат ба он асоснок мекунад, ки бино ба иттилои ниҳодҳои болозикр Вазорати маорифи Чин рӯзи 6-уми августи соли 2020 дар сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.
Вазорати маориф ва илми кишвар дар истинод ба хабари Синхуа менависад, ки “довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд. Тавре дар изҳороти расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин қайд шудааст, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торномаҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд”.
Ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷавонони зиёде пазируфта мешаванд. Қисмати зиёди онҳо дар асоси ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба воситаи Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм пазируфта мешаванд. Дар чанд соли ахир хоҳишмандони метавонанд ба таври инфиродӣ ва ё ба воситаи созмонҳои ҳамоҳангсоз низ дохил мешаванд. Ҳоло дар мачмуъ 3500 нафар дар Чин таҳсил доранд, аз инҳо 800 нафар ба курсҳои забономӯзӣ ҷалб шудаанд.
Эҳсони Хушбат, сухангӯи Вазорати маориф ва илм дар суҳбат бо Радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки то ҳоло расман ба Вазорат доир ба фиребкорӣ дар раванди дохилшавии ҷавонони тоҷик ба донишгоҳу донишкадаҳои ин кишвар шикоят ворид нашудаст.
Фирдавси Низом
Радиои “Тоҷикистон”