«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Дар ҳамоиш дар радифи олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин намояндагону коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон ва Малайзия иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши байналмилалӣ аз ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи обу иқлим иборат буд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд ва ҳоло Тоҷикистон аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори обу иқлим шинохта шудааст.
Боиси қайд аст, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 якдилона ва бо ҷонибдории 190 давлати аъзои созмон қабул намуд. Вобаста ба иҷрои чорабиниҳои дар доираи қатънома қабулшуда аз 22 то 24 марти соли 2023 Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр кори конфронси мазкурро раисӣ намуданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ коршиносони масоили экологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Пажуҳишгоҳи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарӣ (ниҳоди Вазорати сайёҳии Ҳиндустон), муовини ректори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмондории Ҳайдарободи Ҳиндустон, таҳқиқотчии Донишгоҳи байналмилалии Малайзия, намояндаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии бредаи Нидерланд, таҳқиқотчии пажуҳишгоҳи илмҳои палеонтологии назди департаменти илм ва технологияи Ҳукумати Ҳиндустон вобаста ба аҳамияти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва нақши он дар ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба обу иқлим маъруза намуданд.