24 март аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 манзили истиқоматӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Зимни он маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳаи Палдорак 77 хона зарар дида, аз он 2 хона пурра ва 20 хона қисман осеб дидааст. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Ярм 18 хонаи истиқоматӣ аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи умумии онҳо шаш хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар деҳаи Пакшиф бар асари заминларза 49 хона осеб дидааст. Дар ин хусус Кумитаи мазкур хабар додаастт.
Ҳамчунин бар асари ин заминларза дар Ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт 53 хона зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шудааст. Дар баробари ин дар деҳаи Пандовчӣ 7 хоҷагӣ ва деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод 12 хоҷагӣ бар асари заминларза зарар дидааст.
Комиссия ба хулосае омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шуда, ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштаанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда, муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.