29-30 марти соли 2023, ҷаласаи сарони Бюроҳои Марказии Миллии Интерполҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкориҳои глобалии Котиботи Генералии Интерпол Абдулазиз Убайдалла бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони зиёда аз 16 давлати ҷаҳон баргузор мегардад.
Ба иттилои Маркази матбуотии ВКД, дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобалан судманд дар доираи ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.