Ҳайати мураббиёни тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои АМА (25-март) ва Қувайт (28-март) эълон кард.
Петр Сегрт барои ин бозиҳо 24-бозигар, аз ҷумла 3-дарвозабон, 9-ҳимоятгар, 8-нимҳимоятгар ва 4-ҳамлагарро даъват кардааст.
Рӯзи 22-юми март тими мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Даби сафар карда, рӯзи 25-уми март бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мунтахаби мо рақобати санҷишии дуюмашро рӯзи 28-март дар шаҳри Қувайт бо тими мунтахаби Қувайт анҷом медиҳад.