Имрӯз як гурӯҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри бостонии Кӯлоб рафтанд.
Тавре дар ин бора аз бахши матбуоти раиси шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат хабар доданд, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва фаъолони шаҳр бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.
Баъди гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи “Дуои модар” меҳмонон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, сипас аз фаъолияти Муассисаи давлатӣ таълимии “Литсейи касбӣ техникӣ саноати кишоварзӣ”-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷамоати деҳоти Даҳана воқеъ мебошад, шинос шуданд.