Дар доираи баргузории Форуми 10-уми байналмилалии Боку “Ҷаҳони муосир, чолишҳо ва умедҳо” дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон тибқи нақшаи кории Форум панели 6-ум таҳти унвони “Нақши долонҳои нави энергетикӣ ва нақлиётӣ дар минтақаи АвруОсиё” баргузор гардид, ки дар он аз номи Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим иштироку суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои нақлиёту энергетика, нақшаҳои минбаъдаи давлат ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои транзитии кишвар муаррифӣ ва ҳамтоёнро ба идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд даъват намудааст.
Тавре сомонаи Вазорати нақлиёт дар хабарномае навиштааст, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз дастовардҳои соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ва лоиҳаҳои амалигардида ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ барои интиқоли борҳо аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба воситаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия то ба Аврупо кӯтоҳтарин масир ба шумор рафта, истифодаи масири мазкур барои давлатҳо аз лиҳози иқтисодӣ ва сари вақт расонидани борҳо самаранок ҳисобида шуда, ҳамзамон боиси эҳёи Шоҳроҳи бузурги Абрешим хоҳад гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи суҳбату мулоқотҳо Вазири нақлиёт ҳамзамон аз имконияту иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон, дурнамои рушди он, аз ҷумла, лоиҳаи КАСА 1000, ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур ёдовар гардида, аҳамияти баланди самти мазкур, нақшаҳои минбаъда ва ҳамкориҳои Тоҷикистонро дар ин самт барои ҳозирин иброз намуд.
Гуфт мешавад дар бахши мазкур вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти ин кишвар, собиқ сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон (солҳои 2014-2015), собиқ сарвазири кишвари Руминия (солҳои 2018-2019), ҳамзамон собиқ вазири адлияи ҳамин давлат (соли 2019), ҳозира узви Парлумони Руминия, вазири корҳои хориҷии Булғористон (солҳои 2017-2021), ҳамзамон вазири адлияи ҳамин давлат (солҳои 2015-2017), муовини сарвазири Гурҷистон (солҳои 2010-2012) , Вазири корҳои хориҷии Руминия (солҳои 2008, 2015-2017); Котиби генералии котиботи доимии байналхалқии Ташкилоти ҳамкории иқтисодии Баҳри Сиёҳ, намояндаи махсуси раиси амалкунандаи САҲА оид ба низоъҳои тўлонӣ; Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай (солҳои 2007-2009), иштироку суханронӣ намуданд.
Дар кори ин бахши Форум ҳамчунин коршиносону муҳаққиқон ва намояндагони ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, фонд ва институтҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Дар охири кори бахши мазкури Форум байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.